ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ АМАЛӢ ГАШТА ИСТОДААНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ зери унвони “Якҷоя месозем!” корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома доранд. Аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии
“Истиқлол” дастаҷамъона бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳал чароғакҳои деҳаро азнавсозӣ намуданд.