РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ...

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзо ва тарафдорони фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар радифи дастуру ҳидоятҳои пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, зимнан татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори деҳот ташкили корҳои ободонию созандагӣ ҳамчун ташаббусӣ ҳизбиро зери унвони “Якҷоя месозем!” ба таври муташаккилона ба роҳ монда истодаанд.

Дар доираи корҳои созандагиву ободонии деҳа бо ташаббуси аъзоёни ТИ “Шаҳристон”-и ҷамоати деҳоти Иттифоқ, бо дастгирии мардуми аҳли деҳа ва хоҷагии деҳқониҳои деҳот зиёда аз 3-км роҳҳои байни маҳал сангфарш карда шуда, ин иқдом бо иштироки фаъоли сокинон ҷараён дорад, ки боиси муттаҳидӣ ва пешрафт мегардад.