МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дирӯз, дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод вобаста ба баргузории чорабиниҳои варзишӣ аз ҷониби намояндагии Ташкилоти ҷаъмиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” – и вилояти Хатлон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии ноҳияи Муъминобод маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои волейболбозӣ, шоҳмот ва шашка, вазнбардоӣ, инчунин “Рассоми беҳтарин” миёни дастаҳои гуногуни муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ раиси КИ ҲҲДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, раиси ноҳияи Муъминобод, Шарифзода Лутфия Шариф, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Ғуломов Меъроҷ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин ва намояндагони дигар ташкилоту муассиаҳои ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иброз карда шуд, ки имсол мардуми сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва осоиштагии Меҳан 31-уми солгарди бузургтарин дастоварди миллӣ – Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои беназир таҷлил намуда истодааснд. Маҳз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллат аст, ки мо имрӯз дар як фазои орому осуда умр ба сар мебарем ва дар ҳамбастагӣ миёни сокинону ҷавонон чунин мусобиқаҳои варзиширо доир менамоем.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки мо – ҷавонон илмҳои замони муосирро аз худ намуда, кӯшиш намоем, ки дар мусобиқаҳои сатҳи баланд иштирок намуда, парчамбардори ин Ватан бошем. Талош намоем, ки рӯҳану ҷисман баҳри ҳимояи ин сарзамин омода бошем ва нагузорем, ки нохалафе осудагии моро халалдор созад.