Заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода мешаванд

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён барои ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва захираи маводи кофии хӯрока барои 2,5 сола бо сокинони маҳаллаҳои ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоту суҳбатҳо  доир гардида истодааст. 

Зимни суҳбат  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён якҷоя бо волонтёрони  ТҶҶ “Созандагони ватан”  қайд карда шуд, ки дар шароити рӯз, ки буҳрони шадиди иқтисодӣ ҳама давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, аз замин истифодаи самаранок намудан аҳли оиларо аз камбудии мавод ва маҳсулоти  тару тозаи аввал дар давоми сол раҳоӣ мебахшад.           

Инчунин, масъулин дар идомаи суҳбат дар  бораи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ аз Паёми Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, зикр карданд, ки мо шаҳрвандон бояд ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода  бурда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми хешро гузорем. Сипас. намояндагони ҳизбӣ  оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус  корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида, мардумро барои ба иммунизатсия аз пешгирии бемории ковид-19 даъват намуда  дар ин росто ба аҳолӣ 321 адад варақаҳои иттилоотӣ  оид ба иммунизатсиякунонии аҳолӣ оид ба  бемории сироятии коронавирус тақсим гардида даъват карда шуд.