Ватанамонро бо ҳам месозем!

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин  бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи аксияи ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар деҳаи Гузариболои Ҷамоати деҳоти ба номи Носири  Хусрав  мардуми ин деҳа 54 м2 пули мошингузарро сохта, ба анҷом расонида истодаанд.

Ҷиҳати  созандагӣ ва обод гардонидани ҳар гӯшаи диёр ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба саҳми иштирокдорон расонида шуд.

Бояд қайд кард, ки маъракаи созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён бо маром идома ёфта, мардуми шарифи ноҳияи бостонии Қубодиён суханони Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ дониста, барои ободонии мамлакати азизамон камари ҳиммат бастаанд.