МАКТАБ - МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 27-и нақшаи кори-2022 оид ба «Таъмиру сохтмони мактабу боғчаҳо дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва дастгирии ташкилоти ибтидоии «Маориф ва мактабҳо» сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав иборат аз ду ошёна ва барои 240 ҷойи нишаст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 воқеъ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус корҳои сохтмонӣ аз моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, то инҷониб идома доранд. Ёдовар мешавем, ки  дар ин самт корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, масъулин тасмим доранд, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мазкурро бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ пешкаши муҳассилин гардонанд.