ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, имрӯзҳо дар   саросари  кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз  корҳои ободониву хуррамгардонӣ  бо маром идома  дорад.

Баҳри  тадбиқи   сиёсати  ободкорнаи  Пешвои муаззами   миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  дастуру супоришҳои  Раиси ноҳияи  Балҷувон  Сафарзода Б. Ғ дар диёри зебоманзари  ноҳияи  Балҷувон  ҳашарҳои  дастаҷамъона  бо иштироки  тамоми  роҳбарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо бо маром давом дорад.

Дар ин амали неки ободкорона ва сарсабзу хуррамгардонӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон иштирок намуда, нақши  аъзо фаъолон ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ назаррас мебошад.