Сохтмони иншоотҳои гигиэнӣ бо усули дренажӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ГИГИЭНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ.

Дӯстӣ: Бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, бобати сохтмони иншоотҳои гигиэнӣ бо усули дренажӣ дар ноҳияи Дӯстӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Чунин иқдом аз ҷониби сокинон дастгирӣ ёфта, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки "20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Абдуллоев Раҷаббек ва бо саҳмгузории сокинони маҳал дар маркази ҷамоат як иншооти гигиэнӣ бо усули дренажӣ, барои истифодаи ҷамъиятӣ сохта шуд.
Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз бо ташаббускорон иброз дошт, ки бартарии ин усул дар он мебошад, ки иншоот доимо истифодашаванда буда дар натиҷа заминҳои корам самаранок истифода бурда мешаванд.