НАФАҚҚАИ ҲИЗБӢ БА НИЁЗМАНДОН ДАСТРАС ГАРДИД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амали  намудан аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати маъюбон, ниёзмандон ва қишри осебпазири аҳолӣ, ба ду нафар маъюбони гурӯҳи якум аз ҳудуди ноҳия, Исоева Гулчеҳра,  Ғоибова Шаҳло ва як нафар маъюби гурӯҳи якум аз ноҳияи Ховалинг, Шаҳлои Шодӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.Бояд қайд намуд, ки нафаққаи ҳизбӣ барои моҳҳои июл, август, сентябри  соли 2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 1500 сомонӣ, дар маҷмуъ 4500 сомонӣ  нафақаи ҳизбӣ дастрас гардидааст.