КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ФАРХУНДАИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои барқияи телефонии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 12.08.2022 №16 ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои тарғиботию ташкилиро дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳандози намуданд.

Ҳамзамон, бо ҷалби сокинону аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ҳамдастӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100-адад сутунпояҳои бетонии хати интиқоли барқ иваз карда шудаанд.

Инчунин, хати интиқоли барқи баландшиддат низ аз нав васлу насб карда мешаванд. Корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маром ҷараён доранд.