ХОТИРИ ГУЗАШТАГОНРО БО ИН АМАЛИ НЕК ПОС МЕДОРЕМ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, барои ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" доир карда шуд. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов  дар деҳаи Суғдиён ва дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров дар деҳаи Айвоҷ амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», бо иштироки  аъзои фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Суғдиён ва Сомониён корҳои ободонӣ, гузаронида шуда,  дарахтон ва деворҳои қабристон сафед карда шуда,  панҷараҳои гирду атрофи қабристон рангубор ва аз алаф ва растаниҳои худрӯй, аз шоху навдаҳои зиёдатӣ дарахтон тоза карда шуданд.