Арвоҳи гузаштагони худ шод кунем.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дӯстӣ: Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, имрӯз дар оромгоҳи деҳаи "Тоҷикобод"-и Ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов Аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор карда шуд.

Дар аксияи мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, масъулини ҷамоат, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи Тоҷикобод, имомхатиби деҳа инчунин аъзоёну ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ иштирокдорон дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои хушкида ва бегона тоза карда бо истифода аз техникаи соҳавӣ заминҳои назди оромгоҳро шудгор ва ҳамвор карданд.