ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тозакории дастаҷамъона омили назофату покизагӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист инчунин ба маърифати экологии сокинон мусоидат ва саҳмгузорӣ менамояд.

Баҳри сазовор ҷашн гирифтани 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободкорӣ ва инчунин тозаю покиза гардонидани муҳити атроф бовусъат идома дорад.

Имрӯз бо мақсади беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист, тозаю озода намудани атрофи ташкилоту корхонаҳо, биноҳои истиқоматӣ, роҳравҳо ва ба тартиб даровардану сафед кардани дарахтон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо ташкилотҳои ибтидоӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.