ИСТИҚЛОЛИЯТ –РОҲИ ПЕШРАВИЮ ТАРАҚҚИЁТРО БОЗ НАМУД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  ҷамоату деҳоти дурдасти ноҳияи Восеъ корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ бо маром идома доранд. Дар деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоали Вайсови ноҳия бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тахту ҳамворкунӣ ва сангфаршкунии беш аз 5 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша оғоз гардидааст.

Бояд қайд намоем, ки ин иқдом барои беҳбуди бахшидан ба рафту омади сокинон дар амал татбиқ гардида истодааст. Айни замон корҳои тахту ҳамворкунии роҳ, инчунин бетоникунонии зиёда аз 1 километр ҷӯйбор бо кӯмаки сокинони деҳаи Кадучӣ анҷом шуда истодааст ва дар ин амали хайр масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ низ иштирок намуда, саҳми худро гузоштанд. Дар нақша аст, ки баъди тахту ҳамворкунии роҳ,  бо сифати баланд мумфаршкунии роҳи мазкур оғоз мегардад.