ГАРДИШИ ҲИЗБӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулдастон”– и ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва муовини раис-и мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Мустафоқулов Бахтиёр вохурӣ баргузор гардид. Масъулини Ҳизбӣ дар рафти вохурӣ аз мақсаду маром, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатнигорӣ суханронӣ карда, инчунин оиди дастовардҳои даврони Истиқлол, кишти такрорӣ, захираи хӯрока, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбҳои ифротӣ ёдовар шуданд.