САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рушду нумӯи давлат, таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, афзудани иқтидори истеҳсолӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба пешравии соҳаи саноат вобаста аст. Аз ин хотир, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти соҳа дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардид.

Дар шаҳри Норак бо назардошти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ба рушди ин соҳаи афзалиятнок диққати махсус равона гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот, содироти маҳсулоти тайёр, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди пурраи он равона карда шудааст.

Бо мақсад амалигардонии  рушди саноат васлу насб намоии таҷҳизотҳо дар корхонаҳои навбунёди истеҳсолии сангҳои ороишӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва истеҳсоли микросемент аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Табаров Муҳиддин ва Азимов Хуҷамурод бо маром идома дорад.