Оғози мусобиқаи футболи хурд

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи футболи хурд баргузор карда мешавад.

Имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз ва иштироки дастаҳои ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Дӯстӣ маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур доир гардид.
Сараввал раиси ноҳияи Дӯстӣ баромад карда ба дастаҳои иштирокчӣ барору комёбӣ ва бозии софдилонаро таманно кард.