ОМОДАГИҲО БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ НАВ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаби ман” Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, кумитаи падарону модарон ва шахсони саховатпеша дохил ва атрофи  муассиса таъмир ва деворҳо рангу бор карда шуданд.

Бояд қайд намоем, ки муҳайё намудани шароити хуби таҳсил имкон медиҳад, ки хонандагон бо рӯҳияи баланд илмҳои замони хешро аз худ намоянд  ва баҳри рушду нумӯъ, пешравию тараққиёти кишвари азизамон саҳми муносиби хешро гузоранд. Бо ин мақсад масъулини муассисаи таълимии болозикр талош доранд, ки то соли хониши нав таъмиру таҷдиди муассисаро ба анҷом расонида, хонандагонро дар синфхонаҳои зебову барҳаво ва тозаву озода истиқбол гиранд.