БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша бунёди 10 (даҳ) синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Восеъ ҷараён дорад.

Бояд қайд намоем, ки дар ин амали хайр Кумитаи иҷроияи ҲХДТ низ саҳми хешро гузошт ва аз ҷониби Кумитаи иҷроия ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 масолеҳи сохтмони кӯмак  расонида шуд.

Рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Дар сиёсати имрӯзаи иҷтимоии Роҳбари давлат соҳаи маориф дар мадди аввал меистад. Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омадааст, ки ин ҳама шаҳодат аз ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф мебошад.