ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оиди истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, инчунин рӯёнидани ду-се ҳосил аз замин ва захираи ду солаи маводи ғизоӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз заминҳо ва захираи сокинони деҳаи Себзор-и Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ” дидан намуданд.

Зимни боздид маълум гардид, ки ҳамаи сокинони деҳаи номбурда истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиву ёрирасон, маърифатӣ захиранамоиӣ маҳсулоти донагӣ, консервакунонӣ, тарзи ҷобаҷогузорӣ ва захиранамоии маҳсулот дар анборҳо барои фасли зимистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон сокинон иброз доштанд, ки Сарвари давлат ғамхори мо сокинон мебошанд ва пайваста дар фикри зиндагии босаодати мо ҳастанд. Бинобар ин дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо сидқан талош менамоем.