“МО БО ҲАМ ВАТАНАМОНРО МЕСОЗЕМ!”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи аксияи ҳизбии Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташаббуси раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия - Расулова Шамсия ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳрак” Шарипов Сайнуриддин  барои сохтани коргоҳи дӯзандагӣ ва қаннодиро оғоз намуда, кор дар ин самт идома дорад. Ҳамаи заҳматҳои мардуми Қубодзамин баҳри ободии кишвар аст!

Ин дигаргуниҳо дар корҳои ободоние, ки сокинони ноҳияи Қубодиён камари ҳиммат бастаанд, зоҳир мегардад. Мардуми заҳматқарини ноҳияи Қубодиёни бостон аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барои ободии як гӯшаи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошанд.