МАКТАБ-ДАРГОҲИ ИЛМУ АДАБ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Мактаби Ман" ва  “Якҷоя месозем!” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №-6-и ноҳия  бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд. Муассиса барои соли хониши 2022-2023 омода буда, хонандагонро дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити хуби таълим истиқбол мегирад.