Сохтмони иншоотҳои гигиенӣ бо усули дренажӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ, ба талаботи гигиенӣ ҷавобгӯ будан ва беҳдошти ҳолати санитарӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, лоиҳаи сохтмони иншоотҳои гигиенӣ бо усули дренажӣ пешниҳод гардида буд. Ин ташаббус аз ҷониби сокинони ноҳияи Дӯстӣ дастгирӣ ёфта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва назди корхонаҳо марҳила ба марҳила чунин иншоотҳои гигиениро масъулин сохта истодаанд.

Бартарии иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ дар он аст, ки доимоистифодашаванда мебошад.
Чунин иншооти гигиении бо талаботи санитарӣ ҷавобгӯ дар маркази Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сохта ба истифода дода шуд.