БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ НАЗДИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи баргузории Конференсияи ХХХ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун имрӯз роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ - Илҳомҷон Ҳамидиён, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон - Ғуломов Меъроҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод аз хоҷагии ёрирасоне, ки дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вогузор шудааст, воқеъ дар деҳаи Ҳ. Шерозии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, ки дар сарҳади ноҳияи Панҷ қарор дорад, боздид намуданд.

Аснои боздид раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба меҳмонон итилоъ доданд, ки хоҷагии ёрирасон аз 3 га иборат мебошад. Аз рӯзе, ки дар тавозуни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ин замин ворид гардид, дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорони маҳаллӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад ва имрӯзҳо аз ин 3 га замин дар 1,5 гектараш пахта кишт гардида, нашъунамои он хеле хуб ба назар мерасад. Ҳамзамон, аз коркарди дурусти пахта, сари вақт обёрӣ шудани он, гирифтани доруворӣ иттилоъ дода шуд ва тавре аз ҳосили он бармеояд, гирифтани ҳосили дилхоҳ дар назар дошта мешавад. Дар 1 гектари дигари он юнучқа барои хӯроки чорво кишт гардидааст, ки дар ҳолати хуби нашъунамо қарор дорад. Инчунин, дар 0,5 гектари дигар аллакай ҳосил ҷамъоварӣ шуда, айни замон барои кишти такрорӣ омодагӣ мебинанд.

Метавон зикр намуд, ки дар ноҳияи Ҷайҳун обёрӣ гардидани заминҳо ба яке аз масъалаҳои ҳалталаб табдил ёфта, дар андешидани чораҳои муассил аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун заминҳои ёрирасон обёрӣ гардида, киштукор идома дорад ва имрӯзҳо самаранок истифода мегарданд. Интизор аст, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи 3 га замин дар гардиш қарор гирифта, аз он ҳосили дилхоҳ ва даромади иловагӣ ба даст ояд. Ҷиҳати ба даст омадани ин даромади иловагӣ аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳамаи тадбирҳои амалӣ ва зарурӣ саривақт андешида шуда истодаанд. Бояд таъкид намуд, ки масъалаи истифодаи дурусти замин, ҳар як ваҷаб хоки он ва обёрӣ намудани заминҳо дар баромадҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид меёбад.

Зимни бозгашт намояндагони мақомоти болоии ҳизбӣ аз самаранок истифода шудани замини хоҷагии ёрирасон аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун изҳори қаноатмандӣ намуданд.