Таъмири муассисаҳои таълимӣ бо маром идома дорад

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаби ман” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и Ҷ.д Машъал  бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, ассотсиатсияи падару модарон, собиқ хатмкунандагони солҳои гуногуни муассисаи мазкур дохил ва атрофи  муассиса таъмир ва деворҳо рангу бор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд. Барои таҳсили солҳои 2022-2023 муассисаи номбурда омода буда, барои таҳсили босифати муҳасиддин шароитҳои хуб фароҳам оварда мешавад.