ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗАМИН САМАРАИ ХУБ БА БОР МЕОВАРАД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади доир намудани суҳбату фаҳмонидадиҳиҳо бо аҳли заҳматкашу истиқоматкунандагони ноҳия ва амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба дурусту оқилона ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз он имрӯзҳо бо иштироки намояндагони ҳизбӣ дар ноҳия бо сокинони деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона” баргузор гашта истодааст.

Бо ин мақсад дирӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод бо ҳар як сокину заҳматкаши деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир вохӯрию фаҳмонидадиҳӣ баргузор гардида, зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки моро зарур аст, аз ҳавои мусоид ҳарчи бештар истифода намуда, дар ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ кишти зироатҳо ва такрориро амалӣ намоем. Зеро дар фасли сармо оилаи хешро таъмин намуда, ҳамзамон, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои авалияи рӯзгор ҳиссагузор бошем.