Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаби ман” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и Ҷ.д Ваҳдат  бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, кумитаи  падару модарон, собиқ хатмкунандагони солҳои гуногуни муассисаи мазкур дохил ва атрофи  муассисаро  таъмир ва деворҳои он рангу бор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд.  

Барои таҳсили солҳои 2022-2023 муассисаи номбурда омода буда, барои таҳсили  босифати муҳасиддин шароитҳои хуб фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон, омўзгорон барои оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини саҳни муассисаи номбурда лўбиёгӣ кишт намудаанд.