Амалишавии ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман!" дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 43-и Ҷамоати ба номи Гардӣ Гулмуродов вохӯрӣ бо хатмкунандагони солҳои 1980-1983 баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассиса ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳангоми суҳбат дастпарварони муассисаи мазкур аз ҳолати имрӯзаи бинои муассиса дидан карда, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки дар таъмири синфхонаҳо, қисми берунии бинои мактаб ва майдончаи варзишии муассиса саҳмгузорӣ хоҳанд кард.