ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ БАҲРИ ОБОДКОРӢ ВА ЗЕБОГАРДОНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳои ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист маъракаҳои "ШАНБЕГӢба тариқи ҳашарҳои дастаҷамъӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардида истодаанд.

Кормандони масъули ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар чорабинии ободониву тамизкорӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоту муассисаҳо ширкати фаъолона варзиданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар рӯзи шанбе дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ва дар назди корхонаву муассисаҳо шанбегӣ баргузор гардида, ҷӯйборҳо аз партовҳо ва аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза гардида, гирду атрофи биноҳо рӯбучин карда мешаванд.

Иштирокдорони шанбегӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ноҳия ҳар ҳафта шанбегӣ доир намуда, омодаанд, дар гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.