АМАЛӢ НАМУДАНИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби шахсони хайрхоҳ, соҳибкорони ватанӣ ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ роҳҳои байни маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия рӯз аз рӯз сангфарш ва мумфарш гардида истодаанд, ки барои рафтуои одамон  хеле осон гардидааст.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи  байни кӯчаи А. Азизови ҷамоати шаҳраки Данғара  ба масофаи 1 – километр мумфарш гардид.