ТАЪМИРИ БОЛОПӮШ ВА ЧУҚУРЧАҲОИ РОҲ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7 июли соли 2022 бо ташаббуси раиси ноҳияи Шаҳритус муҳтарам Ҷаббори Ғаффор ва иқдоми пешгирифтаи ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ва аъзои фаъоли ҳизб-саховатмандону соҳибкорон барои корҳои созандагӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмири болопӯши роҳ ва таъмири чуқурчаҳои роҳ бо 10 тонна омехтаи сиёҳ роҳҳои байни ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ва ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров дар масофаи 15 км бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии МДНРА (роҳсоз) дар сатҳи хуб ташкил ва гузаронида шуд.