ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба корҳои созандагию ободонӣ ва истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, бахусус, ғаладонагиҳо, ҷамъоварии меваю сабзавот, пардохти саривақтии ҳаққи нерӯи барқ, об ва андоз инчунин, ҷиҳати тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин ва раиси Ҷамоати шаҳраки Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳат бо сокинони кӯчаҳои И. Сомонӣ ва С. Вализода вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён қайд карда шуд, ки бо сабаби гарон шудани нархи озуқаворӣ дар минтақа ва ҷаҳон сокинони кишварро зарур аст, ки баҳри беҳдошти зиндагӣ ва таъмини маводи ғизоӣ захираи дусоларо ба роҳ монанд.

Сокинони ноҳияи Муъминобод низ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, иброз намуданд, ки барои зимистонгузаронии солҳои 2022 – 2023 омодагӣ дида, захиракунии консерва, хӯшкидаи мева, донагиҳо ва хӯроки чорворо ба роҳ монда, ҳосили якуми худро аз заминҳои наздиҳавлигӣ рӯёнида, аллакай, кишти такрориро оғоз намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби ҳайати корӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ ва истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дода шуд.