МАКТАБ ДАРГОҲИ МУҚАДДАС АСТ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фархангу адаб ва донишу хирад аст ва онро муқаддасу пок ва азизу гиромӣ доштан қарзи ҳар як инсони соҳибхирад аст.

Вобоста ба ин дар дорираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ корҳои таъмиру таҷдиди синфхонаҳо бо дастгирии Ассосиатсияи падарону модарон ва омӯзгорони муассисаи мазкур ҷараён дорад.

Ҳамзамон, зимни суҳбат омӯзгорони муассисаи номбурда иброз доштанд, ки онҳо баҳри зебогиву ободии муассиса ва баҳри муҳайё намудани шароити хуби таҳсил барои хонандагон ҳамчун шахсони масъул ва аъзои фаъоли ҲХДТ саҳми худро дар корҳои азнавсозӣ мегузоранд.