КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҲУДУДИ НОҲИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Фархор бо дастгирии Асотсиатсияи падару модарон ва саҳмгузории шахсони саховатманди диёр корҳои таъмиру азнавзозӣ дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта истодааст.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз рафти корҳои анҷомдодашуда дар муассисаҳои таълимӣ дидан намуданд ва ба роҳбаронӣ муассисаҳои таълимӣ оиди ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ маслиҳатҳои муфид доданд.