БО МУҲАЙЁ НАМУДАНИ ШАРОИТИ ХУБ САФИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТРО ЗИЁД МЕНАМОЕМ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯдакон ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошанд ва муҳайё намудани шароити хуб барои онҳо вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад ташкилоти ибтидоии “Боғчаи №3”-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳия бо дастгирии падарону модарон дар якҷояги бо коллективи омӯзгорони ташкилот азнавсозӣ карда шуд.

Бояд қайд намоем, ки аз ҷеҳраи хандони кӯдакон, ҷидду ҷаҳди омӯзгорон ва пешравиҳои Боғчаи №3 баръало мушоҳида мешавад, ки онҳо шаҳодати эътимоди комил, садоқати бепоён ба роҳбари хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд.

 Зимни боздид аз муассисаи мазкур масъулини иброз доштанд, ки мо пеш аз ҳама ба кӯдакон шароитҳои хуб муҳайё намуда, сафи кӯдакони бомаърифату ватандӯст, садоқатманду болаёқатро зиёд карда, кӯшиш менамоем, ки Тоҷикистони азизи худро дар ҷаҳон бо маърифати волои инсонӣ муаррифӣ намоем.