БАРОИ ФАРЗАНДОН ШАРОТИ ХУБИ ТАЪЛИМ ФАРОҲАМ МЕОВАРЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53- и ҷамоати деҳоти Сафобахш деҳаи Гулафшони поён, бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, хатмкунандагони муассиса, падару модарони хонандагон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва деворҳо рангубор карда шуда, дохили синфхонаҳо пурра аз таъмири босифат бароварда шуд. Муассиса барои соли хониши 2022-2023 омода буда, хонандагонро дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити хуби таълим истиқбол мегирад.