ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун- раиси Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод дар якҷоягӣ бо намояндагони Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо якчанд оилаи деҳаи “Тоҷикистон”-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир вохӯрӣ бо усули “Хона ба хона”  баргузор намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин вохӯриҳо дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии мамлакат ҷиҳати ҷалб намудани шаҳрвандон барои меҳнати пурмаҳсул ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин мебошад. Зимни суҳбату вохӯриҳо бо сокинон зикр гардид,  ки мардуми шаарфманди ноҳияи Ҷайҳун бо меҳнати содиқонаи хеш дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти аввалия, захираи маводи ғизоӣ ва ба ин васила дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас доранд. 

Зимни вохӯрӣ маълум гардид, ки сокинони ин деҳа аз заминҳои наздиҳавлигиашон самаранок истифода намуда, шароити зиндагии хешро бо ин васила беҳтару хубтар мегардонанд. Ҳамзамон, аксар оилаҳо дар назди ҳавлии худ дорои гармхонаҳои мавсимӣ буда, дар он кишти помидору бодиринги барвақтиро ба роҳ мондаанд, ки дар таъмини бозор бо сабзавоти тару тоза муҳим арзёбӣ мегардад.