Аксияи “Рӯзи ёдоварӣ” дар амал татбиқ гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26.06.2022 бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва пос доштани хотири гузаштагон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Восеободи калони ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳия бо ҷалби аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинони савобҷӯ ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

Дар аксияи баргузоргардида масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, моҳияти аксияи мазкурро ба мардум фаҳмониданд.

Дар идома иштирокдорони аксия оромгоҳро аз хасу хошок ва ҳар гуна партовҳо тоза карда, симтӯрҳои онҷоро азнавсозӣ карданд ва бо ин васила рӯҳи гузаштагонро шод намуда, саҳми арзандаи худро дар тоза намудани гирду атрофи қабристонҳо гузоштанд.