Ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади ҳавасманд гардонидани шахсони саховатпеша ва нафарони дорои имконияти хуби молиявӣ ва ҷалби онҳо барои дастгирӣ намудани муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман" амалӣ гардида истодааст. Чунин як чорабинӣ дар МТМУ-22-и деҳаи Олимобод, Ҷамоати шаҳраки 20-солагии ИҶТ баргузор гардид, ки дар он хатмкунандагони солҳои 1988-1989 -уми муассисаи мазкур даъват шуда буданд.

Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии МТМУ №22 ки сарчашмаи илму донишандӯзии наслҳои гузаштаву имрӯз ва фардои деҳа мебошад, кори хайрест, ки намунаи ибрат барои дигар сокинони деҳа ҳуда метавонад. Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорон назди худ мақсад гузоштанд, ки дар таъмири ҷории муассиса саҳми худро мегузоранд.