АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб дар масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҳудуди ноҳия бо иштироки волонтиёрони ҳизбӣ аксия бахшида ба 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ рамзи пирӯзию сарҷаъмии миллат” баргузор карда шуд.

Дар ин рӯз аз тарафи волонтиёрон ба сокинони ноҳия варакаҳои таблиғотию табрикотӣ тақсим карда шуд. Ҳамзамон аз тарафи волонтиёрон озмуни саволу ҷавоб дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ” доир карда шуд, ки дар он ҷавонон иштирок карда, ҳозирҷавобон бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдони карда шуданд.