ДАР АМАЛ ТАДБИҚ НАМУДАНИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмгузории хатумкунандагони давраҳои гуногуни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Фархор сохтмони чор синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи мазкур шурӯъ гардида корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Ҳамзамон бо дастгирии шахсони саховатманди деҳа ва ташкил намудани ҳашарҳои дастаҷаъмона кор дар ошёнаи дуюми бино рафта истода, ният доранд, ки то саршавии соли нави хониш синфхонаҳои ба нақшагирифтаро сохта ба истифода диҳанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор барои дастгирӣ дар амалишавии ташабусҳои ҳизбӣ ба ҳамаи сокинон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Саховат”-и даҳаи Саховат сипосу миннатдории бепоёни худро мерасонад.