Ташабуси хизбиён таъмири синфхона

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                                                                Ташаббусҳои  ҳизбиён  ҳаматарафа дасгирӣ меёбанд

Н. ХУСРАВ.  Бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав,  вобаста  ба  амалӣ намудани  дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  мақсади  татбиқи  босамари  ҳадафҳои  созандаи барномавии  ҲХДТ, дар  самти рушди  инфрасохтори  деҳот, ташкили  корҳои  ободонию  созандагӣ, таъмири  муассисаҳои  таълимӣ  ва синфхонаҳои  иловагӣ  дар  маҳаллу  деҳот  ҳамчун  ташшаббус ва  аксияҳои  ҳизбиро  зери  унвони  «Якҷоя месозем!» бо  таври  муташаккилона  роҳандозӣ  гардонида  истодаанд.

Ин  навбат бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроия   ва  бо  дастгирии   аъзои  фаъоли ҳизби  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи Сангоба   Ҳазратқулов  Аскар, дар  якҷоягӣ  бо  аҳли оила  аз  ҳисоби  даромади  хоҷагии  деҳқониашон  дар доираи 35 солагии Истиқлолияти  давлатӣ  2 синфхонаи  муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 9  Ҷамоати  деҳоти Наврӯз –ро таъмири  капиталӣ  намуда ба  истифода  медиҳанд.      

Корҳои  таъмиру  азнавсозии синфхонаҳо  оғоз  гардида, дар  арафаи  анҷомёбӣ қарор  доранд.  Вобаста  ба рафти амалисозии корҳои  осозандагиву  ободонӣ ва  ташаббусҳои аъзои  фаъоли  ҳизб, раиси  Кумитаи  иҷроия  Ализода  Сураё  Ҷура  баромад  намуда  таъкид  намуд, ки ҳамаи  ташаббусҳои  мо  ҳизбиён  хеле  бо  маврид мебошанд,  мо ҳизбиён итминон дорем   ва  фахр  аз  он  дорем, ки  ташаббусҳои мо доимо аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд, зеро ҳамаи онҳо созанда буда, баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд.

Боварии  комил дорем, ки ин  иқдоми нек аз  ҷониби  аъзои  фаъоли  ҳизб  ва шахсони эҳсонкору саховатманд минбаъд  низ дар  ҳамаи  самтҳо идома  ёфта  дар рушди  минбаъдаи  ноҳия саҳми босазо  мегузорад.