"ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ" ТАТБИҚГАРИ СОЗАНДАГӢ!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо ҷиҳати дар амал татбиқгардонидани аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои ноҳияи Хуросон як қатор корҳои созандагию бунёдкорӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Ин навбат аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии "Ҳақиқат-1" ҷиҳати фароҳамоварии шароити мусоид доир ба кишоварзии сокинон тоза намудани каналу заҳбурҳо аз лою дигар чизҳои нолозим дар деҳаи Ҳақиқат 1-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳия ба масофаи 5-км бо дастгирии мардуми деҳа анҷом дода шуд.

Сокинони маҳал ташаббуси мазкурро саривақти арзёбӣ намуда, ҷиҳати талқини бештари мардум ба созандагӣ, ободкорӣ водор сохтани ташаббуси мазкурро ёдовар гардиданд.