ТЕРРОРИЗМ  АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ.

Ёвон: Вокуниш  

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаиСозмони Конференсияи  исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд “Терроризм дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони уст.. Ин гуна неруҳҳо аз номи ислом  амал намуда номи неки онро доғдор мекунад ва манфиатҳои душманону  бадхоҳони  фаҳанги волои исломиро пиёда месозанд”

Ин таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишона аз он аст, ки амалҳои террористӣ ба исломи ҳақиқие, ки мардуми сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон  онро риоя мекунанд ҳеҷ як мансубияте надорад ва терроризм ин беимонист.

Имруз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеъи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ  эътироф шудааст, пеш рафтаву ба  комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст,  ин барои баъзе қувваҳои дохиливу хориҷӣ  писанд нест. Чуноне,  ки таҷрибаи  мамлакатҳои  гуногунии  олам  нишон  медиҳанд,  дар олами  муосир  шумораи  аники  гурӯҳҳо ё  ташкилотҳои  террористиро  муайян намудан  номумкин  аст.  Аммо ташкилотҳои  калонтарини  террористон  хоҳу  нохоҳ  аз  худ  дарак  медиҳанд  ва  мунтазам  ба  амалҳои  террористӣ  даст  мезананд.

Дар замони имрӯза ҳамаи мо баръало дида истодаем, ки террористону ва экстремистон вабаста ба тараққиёти ҷаҳон бо шаклу усулҳои гуногуни ба худ хос, пинҳонию руирост ва бо усули кибер тороризм амал карда хатар ба инсоният ва ба рушду тараққиёти ҷомеа доранд.  Терроизам ва экстремизм аз руи миқёс ва оқибатҳои худ солҳои охир ба яке аз хатарноктарин падидаҳои ҷамъиятӣ табдил  ёфта, амнияти инсоният ва кишварҳои ҷаҳонро таҳти хатар гузоштааст.

Мо нағз медонем, ки торроризм ва экстремизм ҳеҷ гоҳ динӣ буда наметавонад, ва ба дини мубини ислом ҳеҷ як иртиботе надорад. Террористон динро ба худ як ниқобе шуморида онро барои иҷро гардидани ниятҳои ғаразонаи худ истифода мебаранд.

 

Воқеаҳои вақтҳои охир, ки дар Ҷумҳурии Украина ва дар Ҷумҳурии ҳамсояи Қазоқистон ва дар як қатор ноҳияҳои Федератсияи Россия ва дигар мамлакатҳои дунё сар задаю боиси марги одамони бегуноҳ, халолдор гардидани низоми давлатдорӣ шуда истодааст, ин падидаи амалҳои террористӣ- экатремистӣ, нишон дод, ки терроризм аз дин мутлақо ҷудо аст.

Аз ҳамин нуқтаи назар мо бояд дар иҷрои вазифаҳои динии худ ҳушёр бошем, нагузорем, ки терристон бо ниқоби динӣ ба рӯзгори тинҷу осудаи мо халал ворид намоянд.

Дар ин замина мо омӯзгорон, хонандагон ва кулли кормандони соҳаи маориф бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, огоҳ аз асли хеш ва дустдори Ватан бошем. Мо омӯзгоронро зарур аст, ки дар ҳар як суҳбатҳои худ бо толибилмон, дар ҳар як маҷлисҳои пагоҳирӯзӣ ва нисфирӯзи дар ҳар як ҷамъомадҳои падару модарон дар бораи пешгирии амалҳои террористӣ ба шогирдони худ кор барем.

Роҳбарони синфҳо, омӯзгорон, дар ҳамбастагӣ бо волидайн, зарур аст, ки аз ҳолу аҳволи фарзандон бохабар бошем, назорат намоем, ки онҳо тариқи интернет ба сомона ва гурӯҳҳои ифротагаро наафтанд, гуморҳ нашаванд. Бояд доимо огоҳ аз рафтору кирдори фарзандон бошем.

Авазов Б, аъзои фаъоли ҲХДТ - Омӯзгори фанни географияи МТМУ № 18