САҲМИ ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, як қаттор корҳои ободониву созандагӣ  аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкунӣ бо маром идома ёфта истодааст. Баҳри тахту ҳамвор ва бехатар  гардидани роҳҳои дохили кӯчаҳои ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара  аз ҳисоби  шахсони саховатманд ва ватандӯст  роҳҳои байни кӯчаҳои С. Турдиев ва А. Азизов барои сангфарш ва мумфаршкунӣ  дар ҳоли омодабоши қарор дошта , дар кӯтоҳтарин фурсат сангфарш ва мумфарш мегардад.