УТОҚҲОИ КОРӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади мустаҳкам намудани кори ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ азнавтаъсисдиҳии утоқҳои корӣ бо маром идома дорад. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара” ҷиҳати ҷоннок намудани кор дар ташкилоти ибтидоии ҳизби як утоқи корӣ аз нав таъсис дода шуд, ки он дорои  китоби бақайдгирии аъзоёни ҳизб, парчамӣ ҳизбӣ, Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ва дигар лавозимотҳои зарӯрӣ мебошад. Бояд ёдовар карда шавад, ки утоқи кории ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара” бо ташаббуси раиси ташкилоти номбурда Камолов Қаҳрамон аз нав таъсис дода шудааст.