ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ -РУШДИ ИСТИСОДИЁТ ВА ТАЪМИНИ БОСИФАТИ ХАДАФҲОИ КИШВАР

Хуросон:  

Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, барои истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард.

Дар ин самт имконияти захиравӣ ва зарфиятҳои ҷумҳурии азизамон бениҳоят назаррас мебошад. Роҳбари давлат дар Паёми худ ба парлумони кишвар зикр намуд, ки таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бармеоянд, ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста буда, дар ин самт бояд вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:

1. Бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат.

2. Бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика.

3. Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми се соли оянда пурра бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар чор соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон».

Дар ин самт корҳои зиёде бо мақсади омӯзиши ҳавзаҳо ва конҳои нафту газ ва истифодаи онҳо аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, доир ба пешбурди корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ ва истифодаи захираҳо ҳамкорӣ бо 11 ширкату корхонаҳои ватанию хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ ҷараён дорад, дар соҳаи истихроҷи ангишт 12 корхонаи гуногун кор мекунанд.

Ба мақсади дастгирии бештари рушд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани Ҳадафҳои рушди кишвар

ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар эълон шудааст.  

Рӯйдодҳои муҳими солҳои охир, дар самти соҳаи энергетика ин бунёд ва ба истифода додани агрегатҳои НБО "Роғун", НБО-и «Сангтӯда-1», хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ) мебошанд, ки дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд. Ба истеҳсоли нерӯи барқи сабз, ки Тоҷикистон барои ин имкониятҳои бузург дорад, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. Ба мақсади бунёди системаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он таваҷҷӯҳи хосса равона шуда буд. Бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.

Ба ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд. Дар ин самт кори асосӣ сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва равнақи маҳсулоти содиротии кишоварзӣ, овардани техникаю технологияҳои навӣ парвариш ва нигоҳдории махсулотҳои кишоварзӣ мебошанд, ки онҳоро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафта амалӣ кардан мумкин аст.

 Барои расидан ба ҳадафи чаҳоруми саноатикунонии босуръати кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро, таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

Бинобар ин, айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳоро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои навъи истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ, вусъат бахшида истодааст. Вобаста ба ин, дар назардошта шудааст, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва тартиби татбиқи имтиёзҳо муайян шавад.

Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми солхои охир 31 фоиз коҳиш дода шуд.

Натиҷаи ин бояд дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулоти  худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра барномаҳоро дар ин самт қабул намудааст.

Бозоров Рустам - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.