Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаҳо ва сокинони маҳал, ташаббусҳои ҳизбиро хеле хуб дастгирӣ карда дар ободии маҳалли худ саҳм мегузоранд.

       Бо ташаббуси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Деҳаи Гулобод"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликул Маҳмадалиев Бурихол ва як нафар фаъоли ҳамин деҳа Насруллоев Ҳусейн, дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" мардум сарҷамъ гардида,роҳи марказии деҳаи Гулободро бо маҳсулоти бетону шағал, таъмир намуданд.