БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ШАШКА БАЙНИ ТОЛИБИЛМОНИ ЛИТСЕЙ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ БАХШИДА БА "РӮЗИ ҒАЛАБА"

Восеъ: Созандагони ватан  

Санаи 08.05.2024 аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба "Рӯзи Ғалаба" мусобиқаи шашка байни ҷавонони Литсей касби техникиии ноҳия баргузор гардид.Мусобиқаи мазкурро Мирзоев Сафарали – муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия оғоз намуда ҷавононро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрику шодбош гуфта, онҳоро ба пайваста машғул шудан ба варзиш ва интихоб намудани тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар мусобиқаи мазкур ҷавонон фаъолона иштирок намуда байни ҳам рақобат намуданд.