Иншои беҳтарин бахшида ба 79-умин солгарди Иди Ғалаба

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 08.05.2024 аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба 79- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, озмуни иншои беҳтарин зери унвони "9-май Рӯзи Ғалаба" миёни хонандагони синфҳои болоии Литсей давлатии №1-и ноҳия гузаронида шуд.Зимни сӯҳбат бо хонандагони Мирзоев Сафаралӣ-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба мазмуни иншои беҳтарин дар мавзўъи «9-май Рӯзи Ғалаба», ки бахшида ба ҷашни Ғалаба мебошад, суханронӣ карда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар ин озмунҳо фаъолона ширкат варзанд, бо ин восита дониши худро сайқал диҳанд.Ҳамзамон иброз гардид, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи Ғалаба бар фашизм медонанд, мо 9- майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн мегирем.